МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МИШЕЛ МОРДАСИНИ
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директории иҷрокунандаи Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Мишел Мордасиниро, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария Тоҷикистонро дар Бонки умумиҷаҳонӣ намояндагӣ мекунад, ба ҳузур пазируфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Мишел Мордасини ва Ҳукумати Швейтсария барои намояндагии Тоҷикистон дар Бонки умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор ва ҳамчунин баҳри дастгириҳои зиёди молиявию техникӣ аз ҷониби давлати Швейтсария арзи сипос намуд. Дар мулоқот оид ба дастгирии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва натиҷаҳои мулоқот бо намояндагони созмону кишварҳои мададрасон, ки дирӯз баргузор гашт, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Аз натиҷаи мулоқоти роҳбарони сохторҳои дахлдори Тоҷикистон бо намояндагони созмонҳою кишварҳои мададрасон, ки мутобиқи он кӯмакҳои иловагии молиявию техникии зиёд барои татбиқи амалии барномаи зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҷудо гарданд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба рафти ислоҳоти иқтисодӣ, беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хусусӣ, ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва албатта доир ба азхуднамоии захираҳои фаровони обию энергетикии Тоҷикистон баҳри таъмини рушди бонизоми иқтисодиёти кишвар ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ гуфтугӯ намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






