МУЛОҚОТИ СУДМАНД

Май 6, 2009 15:45

                    Хуҷанд, 6 май.(АМИТ Ховар, Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).-Мулоқоти ректори Донишгоҳи давлатии ҳукук, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Осим Қосимович Каримов бо хатмкунандагони шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳ баргузор гардид.                    Дар он сарвари донишгоҳ зикр намуд, ки маъвои маърифатии мо соли сипаригардида баъди ташрифи хуҷастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили 15-умин солгардаш ба марҳилаи нави рушд ворид гардид.                      Бояд гуфт, ки дар донишгоҳ таи як ҳафта бо хатмкунандагони ҳамаи шаш факултаҳо силсилаи мулоқотҳо доир мегарданд. Бо баргузории ин сӯҳбати ошкоро инчунин таъкид карданиям: Ҳадафи баргузории ин чорабинӣ аз ҷониби Шумо — хатмкунандагон дар марҳилаи баргузории имтиҳоноти давлатӣ риояи тартиботи имтиҳонсупории донишҷӯй, интизоми қатъӣ мебошад.                     Дар суханронии ректор инчунин масъалаҳо оиди решакан намудани тамаъҷӯй ва ришваситонӣ, миёнравҳо ва ошнобозию маҳалбозӣ барин зуҳуроти нохуш мавриди гуфтугӯ қарор гирифт. Каримов О.Қ. ин падидаи ногуворро қатъиян маҳкум намуда, зикр кард, ки ҷиҳати пешгирии он дар донишгоҳ тамоми тадбирҳо андешида мешаванд.                    Масъалаи мунтазам назорат бурдан ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои бо мошинҳои шахсӣ, телефонҳои мобилӣ ба дарс омадани донишҷӯён ва риояи сару либоси расмӣ дар муассисаҳои таълимӣ мавриди гуфтугӯи ректори донишгоҳ қарор гирифт ва ӯ ҷиҳати пешгирии ин зуҳуроти нохуш дастурҳои зарурӣ дод.                    Раиси кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ, дотсент Музаффар Дониёров, декани факултаи ҳуқуқшиносӣ Нарзуллохон Ахмедов ва дигарон сухани сарвари донишгоҳро тақвият бахшида, гуфтанд, ки давраи масъулиятноки супоридани имтиҳоноти хатмкунӣ бо муваффақият сипарӣ мегардад.

Май 6, 2009 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд