МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҳошияи иштирокаш дар кори иҷлосияи 36-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Конфронси исломӣ шаҳри Димишқ 23 май бо Раиси Бонки исломии рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ мулоқот анҷом дод. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Бонки исломии рушд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷараёни сӯҳбат Ҳамрохон Зарифӣ дар бораи ҳолат ва пешомадҳои ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои мусулмонӣ иттило дода, ҳамчунин таваҷҷӯҳи мусоҳибашро ба татбиқи як қатор лоиҳаҳои ҷумҳурӣ ҷалб намуд, ки барои рушди ҳамкориҳо дар минтақа аҳамияти калон дошта метавонанд. Аҳмад Муҳаммад Алӣ омодагии бонки исломиро барои минбаъд низ саҳм гузоштан дар татбиқи лоиҳаҳои зербиноии Тоҷикистон таъкид намуд. Дар рафти мулоқот ҳамчунин ба таваҷҷӯҳи Раиси Бонки исломии рушд муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти кӯмаки фаврӣ ба минтақаҳои зарардида аз обхезиҳои рӯзҳои охир расонида шуд.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






