МУОҲИДАИ ЭНЕРГЕТИКӢ РОҲИ САМАРАБАХШИ ҲАМКОРИСТ
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Муншии умумии Созмони аҳдномаи энергетикӣ Андре Мерние 5 май бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои боздиди расмии дурӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад. Меҳмони воломақом зимни сафар бо роҳбарияти ҷумҳурӣ ва баъзе вазорату идораҳо мулоқот хоҳад кард. Барномаи сафари ӯ боздидро аз иншоотҳои гидроэнергетикии мамлакат, шиносоӣ бо имкониятҳои энергетикии ҷумҳурӣ ва ҳамлу нақли қувваи барқро низ дар бар мегирад. Созмони аҳдномаи энергетикӣ аввали солҳои 90 — уми асри гузашта ба туфайли ташаббусҳои сиёсии мамлакатҳои Аврупо таъсис ёфта буд. Ҳадафи ташкили он гузоштани замина барои равнақу ривоҷи ҳамкории энергетикӣ дар байни давлатҳои Евразия мебошад. Созмони мазкур мувофиқи созишномаи моҳи декабри соли 1994 имзошуда фаъолияти худро ба роҳ меандозад. Ҳадафи асосии фаъолияти созмон таҳкими волоияти ҳуқуқ дар масъалаҳои энергетикӣ бо роҳи муқаррар намудани қоидаҳои умумие мебошад, ки онҳоро бояд ҳамаи ҳукуматҳои мамлакатҳои иштирокдор иҷро ва риоя намоянд. Созмон ба ташкили бозорҳои кушоду рақобатпазири энергетикӣ ва эътимоднокии таъминоти қувваи барқ зимни риояи принсипҳои рушди устувор ва соҳибихтиёрӣ ба захираҳои табиӣ мусоидат менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 декабри соли 1991 узви Созмони аҳдномаи энергетикӣ гардид. Мамлакати мо дар ин бора 17 декабри соли 1994 ҳуҷҷати дахлдорро имзо намуд. Узвияти мамлакати мо дар созмони мазкур омили муҳими рушди соҳаи энергетикӣ мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон нуктаҳои муҳимтарини фаъолияти созмонро ба назар гирифта, ҳамаи шарикон ва сармоягузорони хориҷиро расман огоҳ мекунад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавқеи риояи принсипҳои ошкорбаёнӣ ва аз байн бурдани маҳдудият дар бозори энергетикӣ қарор дорад. Ҳамкорӣ бо мамлакатҳои аъзои созмон ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҳамкории байналхалқиро дар бисёр соҳаҳои энергетика, аз ҷумла, ҷалби сармоя, тиҷорат ва риояи қоидаҳои транзити маҳсулоти энергетикӣ ва афзун гардондаи самараи он ба роҳ андозад. Парлумони Тоҷикистон айни ҳол масъалаи ба тасвиб расондани қоидаҳои нави тиҷоратро дар созишномаи таъсиси Созмони аҳдномаи энергетикӣ баррасӣ менамояд. Ин ба мамлакати мо имкон медиҳад, ки дар соҳаи энергетика аз тартиботи муқаррарнамудаи Созмони ҷаҳонии тиҷорат истифода барад. Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Котиботи Созмони аҳдномаи энергетикӣ дар бораи вазъияти имрӯзаи сармоягузорӣ ва бозори энергетикии ҷумҳурӣ ҳисобот тайёр мекунад, ки фасли тирамоҳи соли равон дар маҷлиси навбатии мамлакатҳои иштирокдори созмон муҳокима карда хоҳад шуд. Созмони аҳдномаи энергетикӣ Тоҷикистонро яке аз манбаъҳои асосии таъмини амнияти энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ мешуморад. Ҷидду ҷаҳди Тоҷикистон ба таъмини амнияти энергетикӣ ва истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун ҳуқуқи дахлнопазири ҷумҳурӣ ва шарти зарурии рушди устувори иқтисодии мамлакат ва таъмини суботи сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ баррасӣ карда мешавад. Созмони аҳдномаи энергетикӣ иҷрои барномаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла, сохтмони НБО Роғунро эътироф мекунад, ки ба манфиатҳои куллии ҷумҳурӣ ва тамоми минтақа ҷавоб дода, ба истифодаи қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ безарари қувваи барқ дар шароити гарм шудани иқлим мусоидат хоҳад кард. Инчунин, сиёсати роҳбарияти Тоҷикистон дар бобати гуфтушуниди амалию баробарҳуқуқ ва озодона барои ҳалли проблемаҳои энергетикӣ бо мамлакатҳои ҳамсоя ва манфиатдор барои истифодаи захираҳои оби минтақа ба манфиати сокинони он маъқул дониста мешавад. Созмон ба мавқеъ ва нақши мамлакати мо дар иҷрои барномаи бунёди шабакаи умумии баландшиддати қувваи барқ дар байни Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон аҳамияти калон медиҳад. Мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари расмии ӯ ба Белгия бо Муншии умумии Созмони аҳдномаи энергетикӣ Андре Мерние 11 феврали соли равон дар Брюссел марҳилаи нави рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаро ҳусни оғоз бахшид. Дар ҷараёни ин мулоқот вазъияти имрӯза ва нақшаҳои ояндаи муносибатҳои дуҷониба муайян карда шуданд. Дар фарҷоми мулоқот изҳороти муштарак қабул гардид, ки дар он сохтмони иншоотҳои энергетикӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Созмони аҳдномаи энергетикӣ дастгирӣ карда шуд. Бо камоли боварӣ гуфтан мумкин аст, ки ташрифи Муншии умумии Созмони аҳдномаи энергетикӣ ба Тоҷикистон ва натиҷаҳои он ба густариши равобити дуҷонибаи мутақобилан муфид, фаҳмиши дурусти сиёсати энергетикии мамлакати мо дар арсаи байналхалқӣ, манфиат ва фоидаи он барои мамлакатҳои минтақа ва ҷалби сармоя барои иҷрои барномаҳои гидроэнергетикии мамлакатамон мусоидат хоҳад намуд.