МУОВИНИ НАВИ РАИСИ КУМИТА БО СОҲИБКОРОН МУЛОҚОТ КАРД

Май 12, 2009 15:15

                      Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар доираи Тафоҳумномаи ҳамгироӣ, ки моҳи октябри соли ҷорӣ байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бизнес-ассотсиатсияҳои ҷумҳурӣ ба имзо расида буд, мулоқоти роҳбарияти Кумитаи мазкур бо намояндагони Шӯрои ҳамоҳангсозии бизнес-ассотсиатсияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор гардид.                      Дар ҷараёни мулоқот муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Шӯҳрат Раҳматбоев оид ба чораҳои андешидашуда, ки ба дастгирии рушди соҳибкорӣ дар мамлакат равона шудаанд ва афзалиятҳои густариши минбаъдаи он маълумот дода, зикр кард, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба беҳтар гардонидани шароити пешбурди тиҷорат як қатор ислоҳот гузаронид, ки ин боиси баланд гардидани фаъолнокии тиҷорат хоҳад буд. Ислоҳотҳои тартиби бақайдгирӣ, иҷозатномадиҳӣ ва санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор барои кам намудани хароҷотҳои иловагӣ ҳангоми пешбурди тиҷорат ва беҳтарсозии механизмҳои танзимкунандаи фаъолияти хоҷагидорию иқисодии субъектҳои соҳибкорӣ мусоидат менамоянд.                    «Бояд гуфт, ки ташкили фазои мусоиди сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати иқисодии давлат мебошад. Бинобар ин, айни ҳол дар асоси супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Paҳмон, ки дар паёми худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз 15 апрели соли ҷорӣ қайд шудааст, бо иштироки бевоситаи сохторҳои бахши хусусӣ, Шӯрои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои байналмиллалӣ, ки лоиҳаву барномаҳоро роҷеъ ба рушди бахши хусусӣ ва беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ дар мамлакат амалӣ менамоянд, барномаи «Беҳбудсозии фазои соҳибкорӣ — 200 рӯзи ислоҳот» таҳия гашт, ки дар сатҳи мувофиқгардонӣ бо вазорату идораҳои дахлдор қapop гирифта, дар рузҳои наздик ба баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мешавад», — тазаккур дод Ш. Раҳматбоев.                   Қобили қайд аст, ки «Беҳбудсозии фазои соҳибкорӣ — 200 рӯзи ислоҳот» — ин барномаи тадбирҳои кӯтоҳмуддат мебошад, ки аз тарафи Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди ислоҳоти маъмуриву танзимӣ татбиқ гашта, пеш аз ҳaмa ба рушди соҳибкорӣ, афзун намудани ҷолибияти сармоягузории кишвар ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои рейтингҳои байналмиллалии Тоҷикистон равона карда шудааст.                 Инчунин, дар ҷараёни ин мулоқот ҷамъбасти кори муштарак дар доираи Тафоҳумномаи баимзорасида ва муҳокимаи нақшаҳои ояндаи ҳамкории самараноки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Чумҳурии Тоҷикистон бо бизнес-ассостсиатсияҳои мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Май 12, 2009 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад