МУРОҶИАТНОМАИ «БАРҚИ ТОҶИК»

Май 7, 2009 18:29

                  Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Аз ҷумлаи силсилаи чорабиниҳое, ки ШСХК «Барқи Тоҷик» бобати сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ андешид, чопи муроҷиатнома аст, ки дар ҷавоб ба дастуру нишондодҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ амалӣ гардид.                 Тавре ба АМИТ «Ховар» роҳбари дафтари матбуот Нозирҷон Ёдгорӣ иттилоъ дод, ин муроҷиатнома бо унвони «Сарфакорӣ масъулияти бузург аст» бо теъдоди 5000 нусха нашр гардид. Ширкати «Барқи Тоҷик» тасмим гирифтааст, ки тавассути сохторҳои худ дар вилоятҳо ва ноҳияҳо варақаи мазкурро ройгон ба мардум тақсим намояд ва афзалияти лампаҳои каммасрафи диодиро тарғиб намояд.                 Бояд қайд намуд, ки касе ба ин варақа эҳтиёҷ дорад, метавонад ба хадамоти матбуоти ширкати «Барқи Тоҷик» муроҷиат намояд.

Май 7, 2009 18:29

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд