НАХУСТИН СОМОНАИ РАСМИИ ДИНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Май 19, 2009 12:44

                       Душанбе, 19 май,(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар шаҳри Хуҷанд — маркази вилояти Суғд нахустин сомонаи интернетии расмии тоҷикии динию маърифатӣ — www.islom-sughd.tj ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ин сомона ба забони тоҷикӣ оид ба масъалаҳои ақида, тафсир, фиқҳ, Абӯҳанифашиносӣ ва амсоли  ин бахшҳо ҷой дода шудааст. Барои хонандагон махсусан бахши савол ва фатвоҳо ҷой дода шудааст, ки метавонанд, мустақиман бо маъмурияти сайт дар тамос шуда, ба саволҳои худ посух гиранд.                     Сомонаи интернетии мазкур бо ибтикори Маркази иттилоотию таҳлилии «Имоми Аъзам»-и назди Шӯрои уламои дини вилояти Суғд созмон дода шудааст. Назар ба иттилои Котиби масъули Маркази мазкур Ислом Раҳимов, алҳол корҳои ворид кардани мавод ба сомона идома дорад. Инчунин, то охири моҳи май китобхонаи мукаммали электронӣ роҷеъ ба масъалаҳои динӣ арзи ҳастӣ хоҳад кард.

Май 19, 2009 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд