НАРХИ ОРД АЗ 70 БА 90-95 СОМОНӢ БОЛО РАФТ
Душанбе, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Нархи орд дар ҷумҳурӣ аз нав боло меравад. Боиси тазаккур аст, ки аз охирҳои моҳи августи соли 2008 то моҳи майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ нархи як халта орди навъи якум аз 130-135 сомонӣ ба 70 -75 сомонӣ паст фароварда шуд. Дар ҷамъбасти семоҳаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 зиёд истеҳсол кардани маҳсулоти ғаллагӣ сарсухани раисони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ буд. Ҳатто ғаллаи дар ин муддат аз хориҷи кишвар воридгардида ҳам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд арзёбӣ шуд. Вале нархи нони 2 сол пеш болорафта дигар ба ҳолати аввалаш барнагашт, чаро? Ба ин савол роҳбарони корхонаҳои нонпазӣ ва соҳибкорони инфиродӣ боло рафтани нархи ангишт ва барқро асос меоранд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






