НАСЛИ НАВРАС ПОСИ ХОТИРИ ГУЗАШТАГОНРО МЕДОРАД

Май 23, 2009 10:20

                       Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №12-и ноҳияи Ёвон маросими поси хотири фарзанди барӯманди деҳаи Утаган Ҷунайдулло Бӯриев баргузор гардид.                         Ҷонишини директори мактаби мазкур Садриддин Ибодов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки аз соли 1994 инҷониб мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №12 ноҳияи Ёвон ба номи Ҷунайдулло Бӯриев номгузорӣ шуда, аз ин баъд ҳамасола 23 май, ки рӯзи таваллуди ӯ мебошад, ёдбуд гузаронида мешавад.                          Мавриди зикр аст, ки Ҷ. Бӯриев оғози солҳои 90-уми асри гузашта ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи Ёвон фаъолият карда, яке аз фаъолони ҳимояи сохти конститутсионӣ мебошад. Ӯ соли 1992 аз ҷониби афроди номаълум кушта шудааст.

Май 23, 2009 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд