НИЗОМНОМАИ НАВИ КМИР ТАСДИҚ ШУД
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-25 май дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Низомнома дар бораи тартиби иштироки нозирони миллӣ ва байналмилалӣ, шахсони боэътимоди номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ, намояндагони васоити ахбори омма дар интихоботи Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Масъалаи мазкурро Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Мирзоалӣ Болтуев шарҳ дода, гуфт, ки бо тасдиқи ин Низомномаи нав Низомномаи қаблӣ, ки 16 декбри соли 2004 тасдиқ гардида буд, беэътибор дониста мешавад. Ин Низомнома аз Низомномаи пешин афзалияти бештаре дошта, он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо теъдоди 10 ҳазор нусха нашр шудааст, ки вақтҳои наздик ба минтақаҳои кишвар фиристонида мешаванд. Инчунин, Мирзоалӣ Болтуев афзуд, ки 28 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пурра ба интихобот бахшида шудааст, дар шакли китобча нашр мегардад. Ҳамзамон, дар ҷаласа Низомнома дар бораи тартиби пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагон аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ба ҳавзаи якмандатии, интихобот ва истифодаи маблағ аз хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳисобот аз рӯи он дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии» Тоҷикистон» тасдиқ гардид. Аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии мамлакат фикру мулоҳизаҳои худро доир ба паҳлуҳои гуногуни низомномаҳои зикргардида баён намуданд. Аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ичунин, аризаи Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳуриро баррасӣ намуданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






