НОМЗАДҲО БА МАҚОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ЭРОН МУАЙЯН ШУДАНД
Душанбе, 22 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон 4 номзад ба мақоми Президенти ин кишвар муайян шуд. Онҳо Президенти феълии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод, собиқ сарвазири Эрон Мир Ҳусейн Мусавӣ, Раиси қаблии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Маҳдӣ Каррубӣ ва собиқ фармондеҳи сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Мӯҳсин Ризоӣ мебошанд, ки аз ҷониби Шӯрои нигаҳбони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон — органи олии назорати конститутсионии ин кишвар тасдиқ гардидаанд. Назар ба иттилои намояндаи бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Алиризо Ороста, имрӯз Эронро фазои интихоботӣ фаро гирифтааст. Номзадҳои эълоншуда тавассути телевизион ва радиои давлатӣ таблиғоти пешазинтихоботӣ мебаранд. Ҳамзамон, ба минтақаҳои гуногуни мамлакат сафар карда, бо мардум вохӯрию мулоқот менамоянд. А. Ороста зикр кард, ки аз байни чор номзад Президенти кунунии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ва Ҳусейн Мусавӣ имконоти бештари ба сари қудрат омаданро доранд. Дар интихоботи президентӣ дар Эрон, ки 12 июн баргузор мешавад, ҳудуди 30 миллион нафар райъдиҳандагон Президенти ояндаи ин кишварро интихоб менамоянд.








Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд






