ОҚИБАТИ БОРОНҲОИ ТӮЛОНӢ

Май 4, 2009 11:24

             Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Дар натиҷаи боронҳои шадиди тӯлонӣ 3 май дар ҷамоати Обикиики ноҳияи Хуросон сел омад ва 20 метр роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа — Душанбе хароб гардид. Бо ҳамин сабаб рафту омади нақлиёт дар роҳи мазкур то соати 17 — и 3 май қатъ гардид.               Илова бар ин боронҳои тӯлонӣ дар ҷамоати Кӯлчашмаи ноҳияи Мӯъминобод сабаби хароб гардидани панҷ хонаи шахсӣ гардид. Инчунин дар деҳаи Леҷаки Ғеши ноҳияи Балҷувон дар натиҷаи фуромадани ярч 150 метр роҳи мошингарди байни деҳаҳои Боғи Зоғон ва деҳаи Дашти Кӯлкоб баста шуд. Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар маҳалҳои фалокати табиӣ ситодҳо ташкил карда шуданд ва барои бартараф сохтани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Май 4, 2009 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад