О. ОҚИЛОВ СОХТМОНЧИЁНИ ИДМ-ро БАҲУЗУР ПАЗИРУФТ

Май 15, 2009 14:51

                       Душанбе, 15 мая. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Имрўз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо роҳбарони ҳайатҳои Шўрои байниҳукуматии ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон, ки барои иштирок дар ҷаласаи 27- уми Шӯрои мазкур ба Душанбе омада буданд, мулоқот кард.                     Оқил Оқилов изҳор дошт , ки дар Тоҷикистон ба рушди соҳаи сохтмону меъморӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад ва натиҷаи ин сиёсат аст, ки дар мамлакат сохтмону навсозии иншоотҳои ҳаётан муҳим ба анҷом расонида шуда, сохтмону тармими иншоотҳои дигар бомаром идома доранд.                   Мо кӯшиш мекунем, ки дар оянда ҳамкории давлатҳои аъзои Шўрои мазкур дар соҳаи сохтмону меъморӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад то сохтмончиёну меъморон пайваста аз таҷрибаи ҳамдигарӣ баҳравар гарданд, таъкид кард Оқил Оқилов.                    Дар анҷоми вохўри Сарвазири мамлакат изҳори умед кард , ки ҷаласаи 27- уми Шўрои байниҳукуматии ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон дар сатҳи зарурӣ доир гардида дар рушди муносибатҳои давлатҳои аъзои Иттиҳод дар самтҳои афзалиятноки соҳаи сохтмону меъморӣ , сиёсати шаҳрсозӣ ва дигаргунсозии нақшаҳои генералии шаҳрҳо нақши муассир мегузорад.  

Май 15, 2009 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд