ОФАТИ ТАБИӢ ДАР ХАТЛОН

Май 15, 2009 14:58

                      Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — 14 май бар асари бориши борони бошиддат дар вилояти Хатлон сел ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа як қисмати деҳаи «18 партсъезд», ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросонро лойқа зер кард. Инчунин дар деҳаи Пахтакори ноҳияи Ҷиликӯл 4 хона пурра ва 3 хонаи дигар қисман хароб шуданд. Дар ноҳияи Панҷ бошад, майдони 50 га заминҳои маҳсулоти хоҷагии қишлоқ зарар дид. Дар ҳудуди поселкаи Сомонӣ ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи автомобилгарди Қурғонтеппа- Панҷ муваққатан қатъ гашт. Айни замон Хадамоти мудофиаи гражданӣ барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.                     Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ситод ва комиссияҳои махсус барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ташкил шудааст ва маблағи хисорот муайян карда мешавад.

Май 15, 2009 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд