ОРМОНҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН ТАҶАССУМ ЁФТ
Душанбе, 15 май,(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар Теҳрон дар доираи баргузории 22-умин намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» бо иштироки ҳайати баландпоя ва аҳли фарҳанги Тоҷикистон, намояндагони давлатҳои аъзои ЭКО Рӯзи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Рамазон Мирзоев доир ба муносибатҳои неку дӯстонаи Тоҷикистону Эрон сухан кард. Дипломати тоҷик ба сатҳи ҳамкориҳои гуногунсоҳаи ду кишвари ҳамзабон, хусусан робитаҳои фарҳангӣ баҳои баланд дода, онро самараи неки иродаи сиёсии сарони ҳар ду кишвар арзёбӣ намуд. Ҳамчунин, раисони Анҷуманҳои дӯстии Тоҷикистону Эрон Мирзо Муллоаҳмадов ва Шабистарӣ, раиси пажӯҳишгоҳи фарҳангии ЭКО Муҳаммад Раҷабӣ, шоири шинохтаи тоҷик Зиё Абдулло, директори китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Шариф Тошев ва дигар донишмандони тоҷик роҷеъ ба робитаҳои дӯстонаю бародарӣ, илмию фарҳангии ду кишвар, мақоми китоб дар ҳаёти инсоният, аҳамияти байналмилалии намоишгоҳи китоб ва тавсеаи ҳамкории гуногунсоҳаи кишварҳои аъзои ЭКО табодули назар карданд. Дар ин рӯз дастовардҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Назар ба иттилои муҳаққиқи пажӯҳишгоҳи фарҳангии ЭКО Шоҳмансури Шоҳмирзо Рӯзи миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардида, таҷассумгари ормонҳои миллии тоҷикон буд.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






