ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОҲАНГСОЗОН

Май 27, 2009 16:16

                          Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Вазорати фарҳанги ҶТ барои рушди мусиқии касбӣ, ғанӣ гардонидани барномаи муассисаҳои консертӣ бо асарҳои нав ва дарёфти асарҳои беҳтарини оҳангсозони муосир ва вусъат додани ҳамкориҳои эҷодии ҳунармандон ва муаллифон, барои эҷод кардани асарҳои нав дар жанрҳои опера, балет, асарҳои симфонӣ, вокалӣ, камеравӣ, хореографӣ, инструменталӣ озмуни ҷумҳуриявии оҳангсозонро бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2009 то 1 июли соли 2010 эълон мекунад.                         Озмун аз 4 бахш — асари беҳтарини камеравӣ (ансамблҳои созҳои торӣ ё созҳои халқӣ), оҳанги беҳтарини рақсӣ (дар иҷрои ансамблҳои гуногуни созҳои мусиқӣ), суруди беҳтарин (бо ҳамовозии оркестрҳо ва ансамблҳои гуногун) ва асари беҳтарин барои оркестри созҳои миллӣ иборат аст.                         Муаллифон бояд асарҳояшонро то 1 июли соли 2010 ба Раёсати санъати Вазорати фарҳанг пешкаш намоянд.                           Озмун моҳи сентябри соли 2010 дар арафаи иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст карда мешавад.                            Ғолибон бо мукофотҳои пулӣ сарфароз хоҳанд шуд.                         Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.  

Май 27, 2009 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд