ПИЛЛАПАРВАРОНИ НОҲИЯИ ҲИСОР НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ миёни ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аввалин шуда ноҳияи Ҳисор нақшаи пилласупориро 101 фоиз иҷро кард. Пиллапарварони ноҳия ба ҷои 30 тонна то 18-уми май 30 тоннаю 317 кг пиллаи баландсифат ба нуқтаҳои қабул супориданд. Маҳсусан кори хуби хоҷагиҳои кооперативи истеҳсолии «Карл Маркс», «Ватан», «Боғистон» ва «Шараф» боиси ифтихор аст, ки нақшаи кории худро мутаносибан -149, 128, 128 ва 118 фоиз иҷро намуданд. Пилласупорӣ дар дигар хоҷагиҳо давом дорад. Дар назар аст, ки хоҷагиҳои пиллапарвар илова ба нақша боз 6 тонна пиллаи хушсифат ба давлат фурӯшанд. Дар ин бора роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ҳисор Бобосафар Шарипов иттилоъ дод.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






