ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РАФЪИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ СУПОРИШ ДОД
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва раиси вилояти Хатлону раиси ноҳияи Хуросон оид ба расондани кӯмакҳо ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуд. Оид ба ҷараёни кӯмакрасонӣ ба зарардидагон ва барқарорсозии иншооти харобгашта гузориши Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов, Раиси вилоят Ғайбулло Авзал ва дигар шахсони масъул шунида шуд. Зикр гардид, ки дар натиҷаи боришоти зиёди борон ва омадани селу лойқа шаби 21 — ум ба 22 — юми апрели соли равон дар ду деҳаи ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон 22 хона пурра ва 65 хонаи дигар қисман вайрон шудаанд. Дар ин 87 хонаи зарардида 114 оила зиндагӣ мекардаанд, ки шумораи онҳо 595 нафарро ташкил медиҳад. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кӯмак ба мардуми зарардида дар ноҳия Ситоди доимамалкунанда ташкил карда шудааст. Кормандон ва дастаи наҷотдиҳандагони хадамоти мудофиаи гражданӣ ба бартараф намудани оқибати офати табиӣ сафарбар гаштаанд.Аз ҷониби масъулин як шаҳраки иборат аз 117 хайма аллакай барои зисти муваққатии аҳолии зарардида омода гаштааст. Барои таъмини онҳо бо оби ошомиданӣ, хӯрока, нерӯи барқ, шароити тиббию санитарӣ, маводи сохтмонӣ ва дигар ашёву шароити зарурӣ тадбирҳои зиёд андешида шудааст. Ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» ба аҳолии зарардида барои товони зарар 22 ҳазору 380 сомонӣ маблағ ҷудо намуд. Ғайр аз ин, аз рӯзи аввали ҳодиса ташкилоту муассисаҳои давлатию хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва инчунин шахсони алоҳида ба аҳолии зарардида кӯмак расонида истодаанд. Дар суратҳисоби «Амонатбонк»-и ноҳияи Хуросон, ки барои кӯмак ба зарардидагон кушодаанд, то рӯзи 29 апрел зиёда аз 530 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ шудааст. Баҳри интихоби ҷойи нав барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ корҳои омӯзишӣ-таҳқиқотӣ идома доранд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти масъул оид ба интихоб ва ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони хонаҳои нав дар ҷойи мувофиқу бехатар, ҷудо намудани кӯмаки яквақтаи молиявӣ аз ҳисоби Ҳукумати мамлакат, ҷустуҷӯйи роҳҳои дигари кӯмакрасонӣ, таъмини зарардидагон бо маводи сохтмонӣ ва доир ба ташкил намудани дигар корҳои зарурӣ супоришҳои қатъӣ дод. Ба шахсони дахлдор ҳамчунин оид ба вусъат додани ободонию созандагӣ, кишти саривақтии пахта, омодагӣ ба кишти такрорӣ, захира намудани хӯроки чорво ва дигар корҳо дастуру ҳидоятҳо дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






