ПРЕЗИДЕНТИ ХОРВАТИЯ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД

Май 23, 2009 11:41

                         Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Президенти Ҷумҳурии Хорватия ҷаноби Стефан Месич баъди чошти имрӯз барои боздиди расмӣ ба Тоҷикистон меояд.                         Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки тибқи барномаи сафар Президенти Ҷумҳурии Хорватия бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. Сипас бо иштироки сарони ҳар ду давлат мулоқоти хайатҳои онҳо баргузор мегардад. Дар фарҷоми мулоқот имзои силсилаи созишномаҳо ба нақша гирифта шудааст.                Стефан Месич инчунин, бо раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев ва Сарвазир Оқил Оқилов мулоқот хоҳад кард.                      Президенти Ҷумҳурии Хорватия зимни сафар аз шаҳрҳои Хуҷанд ва Турсунзода боздид ба амал меорад. Ин сафари нахустини роҳбари давлати Хорватия ба мамлакати мо мебошад.                    Аз рӯи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, маблағи хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Хорватия соли 2008 — ум 6,4 миллион доллари ИМА ва дар давоми семоҳаи аввали соли 2009 — ум 779 ҳазор доллари ИМА — ро ташкил дод.

Май 23, 2009 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд