ПРЕЗИДЕНТИ НАВИ ЛИТВА
Вилнюс, 19 май. (АМИТ «Ховар» — Лента. Ру). — 17 май дар Ҷумҳурии Литва интихоботи президент баргузор гардид. Дар он яке аз сиёсатмадорони машҳури мамлакат Даля Грибаускайте ғолиб омад, ки қабл аз ин дар вазифаи намояндаи Комиссияи Аврупо дар масъалаҳои буҷет ва барномасозии молиявӣ кор мекард. Бештар аз 70 фоизи интихобкунандагон ба тарафдории ӯ овоз доданд. Д.Грибаускайте дар вазифаи президенти ҷумҳурӣ Валдас Адамкасро иваз менамояд, ки дар давоми ду мӯҳлат ба мамлакат сарварӣ кардааст. Даля Грибаускайте дар шаҳри Вилнюс таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии Ленинградро бо ихтисоси «иқтисодиёти сиёсӣ» хатм кардааст. Ӯ дар оғози солҳои 90 — уми асри гузашта дар системаи Вазорати корҳои хориҷӣ кор кардааст. Аввали солҳои 2000 — ум аввал муовини вазир ва баъд вазири молия таъин гардид. Литва соли 2004 узви Иттиҳоди Аврупо гардид. Дар робита Д.Грибаускайте намояндаи Комиссияи Аврупо дар масъалаҳои буҷет ва барномасозии молиявӣ интихоб шуд. Хабар дода мешавад, ки маросими савгандёдкунии Президенти нави Литва 12 июл баргузор мегардад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






