РАДДИЯИ НАМОЯНДАИ МАХСУСИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ПЕР МОРЕЛ

Май 4, 2009 12:23

               Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Пер Морел аввали моҳи марти соли равон ба Душанбе ташриф оварда буд. Вай зимни сафар дар сафоратхонаи Олмон дар Тоҷикистон, аз ҷумла, роҷеъ ба масъалаҳои истифодаи захираҳои обу энергетикаи минтақа сухан ронд. Бояд гуфт, ки баъзе воситаҳои ахбори оммавӣ суханронии намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупоро таҳриф намуда, онро нодуруст шарҳ дода, ҳамчун мавқеи Иттиҳоди Аврупо дар масъалаи истифодаи захираҳои обу энергетикаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар бобати сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ маънидод намудаанд.               Зиёда аз ин, баъзе сиёсатмадорони хориҷӣ ин шарҳи нодурустро ба манфиатҳои сиёсии худ истифода кардаанд. Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ зимни ду сӯҳбати телефонӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистион Ҳамрохон Зарифӣ изҳор намуд, ки дар воситаҳои ахбори оммавӣ суханони ӯро аз матни умумӣ ҷудо карда ва нодуруст шарҳ додаанд. Пер Морел ба қарибӣ бо хабарнигорони дар Аврупо будаи тоҷик мулоқот карда, ақидаи худро роҷеъ ба ин масъала баён намуд.            Дар бораи мавқеи Иттиҳоди Аврупо дар ин масъала дар ахборномаи Иттиҳоди Аврупо изҳороти дахлдор чоп карда мешавад. Илова бар ин П. Морел талаб намуд, ки ба мақолаи «Брюссел ба сохтмони сарбандҳои бузург муқобил мебошад», раддия чоп карда шавад. Мақолаи мазкур дар ҳафтаномаи «Независимая газета» чоп шуда буд. Раддияи намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар ҳафтаномаи мазкур 27 апрели соли 2009 чоп карда шуд.              Ба қавли П.Морел, дар мақолаи «Брюссел ба сохтмони сарбандҳои бузург муқобил мебошад», ки 20 апрел дар ҳафтаномаи «Независимая газета» чоп шуда буд, суханони ӯ аз матни умумии мақола канда гирифта шудаанд ва проблемаи истифодаи об дар Осиёи Марказӣ нодуруст шарҳ дода шудааст. Ин ҷо матни раддияи П.Морел ба хонандагон пешкаш карда мешавад, ки дар ҳафтаномаи «Независимая газета» чоп шудааст:                «Масъалаи об барои Иттиҳоди Аврупо аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва ин дар барномаи стратегии шарокату ҳамкории нав дар Осиёи Марказӣ» ба таври зарурӣ инъикос ёфтааст. Ин барнома моҳи июни соли 2007 дар сатҳи олӣ қабул шуда буд. Иттиҳоди Аврупо дар давоми солҳои тӯлонӣ иҷрои барномаҳои ҳамкориро бо кӯмаки молиявии Комиссияи Аврупо ва мамлакатҳои аъзои Иттиҳод шурӯъ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, қарорҳои мушаххасеро амалӣ созад, ки ба дарки мавзӯъ мусоидат карда, барои ҳамкории минтақавӣ шароити мусоид муҳайё созанд. Иттиҳоди Аврупо дар ин соҳа таҷрибаи калон андӯхтааст, зеро дар қаламрави он дарёҳои сершуморе мавҷуданд, ки аз сарҳади бисёр мамлакатҳо гузар мекунанд. Ин ба Иттиҳоди Аврупо имкон медиҳад, ки барои ҳамкорӣ тартиботу қоидаҳои зарурӣ ва самарабахшро ба манфиати ҳамагон муқаррар намояд. Дар баробари ин Иттиҳоди Аврупо изҳор менамояд, ки дар масъалаи истифодаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ қарори қатъй пешниҳод карда наметавонад. Таҷрибаи истифодаи дарёҳои Рейн ё Дунайро мустақиман ба масъалаи истифодаи дарёҳои Сир ва Ому татбиқ кардан мумкин нест. Дар ин бобат мо бояд хусусиятҳои минтақаро ба назар гирем. Мо дар ин масъала усули пешгирифтаи худро ба гардани дигарон бор карда, ё тарафи касеро гирифтан намехоҳем. Иттиҳоди Аврупо дар ин масъала нақши мушовир ё ёрдамчиеро бозида метавонад, ки дар ҳалли масъала кӯмаки мушаххас расонда тавонад. Ин масъала бояд пеш аз ҳама бо назардошти манфиатҳои минтақа ҳал карда шавад. Даври аввали ҳамкории самарабахши минтақавиро дар ҳар мамлакат ташкили «муколамаи миллӣ бахшида ба об» пешбинӣ менамояд. Ин имкон медиҳад, ки ҳамаи ҷиҳатҳои масъала ба назар гирифта, имкониятҳо ва талабот, инчунин паҳлуҳои дигари мусбату манфии масъала ҳамаҷониба таҳлил карда шаванд. Баъди ин ба роҳ мондани ҳамкории самарабахши ҳамаи мамлакатҳои минтақа осонтар хоҳад гашт. Айни ҳол мавқеи мамлакатҳои минтақа дар ин масъала гуногун ва ба ҳамдигар мухолиф мебошад. Вале ин мамлакатҳо моҳиятан ба ҳамдигар вобаста буда, ба қоидаҳои ягона ниёзманданд. Об дар Осиёи марказӣ ҳам барои истеҳсоли қувваи барқ ва ҳам барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзӣ зарур аст. Ин вазъият дар минтақа ба таври ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд. Торафт бештар гарм шудани иқлим ин масъаларо боз ҳам муташанниҷтар месозад. Ҳамин тариқ, дар ин масъала меъёрҳо, тартибот, инчунин, технология ва таҷҳизотеро муқаррар кардан лозим аст, ки зимни ҳисобу китоби мутавозин ва қобили қабули ҳам сокинони мамлакатҳои болооб ва ҳам мамлакатҳои поёноби дарёҳо қарор гиранд. Иттиҳоди Аврупо барои таҳлили масъала ва ҷустуҷӯӣ ҳалли он зарурати тақвияти муборизаро ба муқобили масрафи аз ҳад зиёди об ва истифода бурдани усулҳои замонавии сарфа кардани он зимни обёрии зироатҳо таъкид менамояд. Иттиҳоди Аврупо, инчунин, бартарияти сохтмони нерӯгоҳҳои барқии хурду миёнаро таъқид мекунад. Мо мероси вазнини даврони шӯравӣ, яъне пеш гирифтани роҳи сохтмони иншоотҳои бузурги гидроэнегетикӣ ва парвариши танҳо зироати пахтаро фаромӯш накардаем, вале мо дар баробари ин ба сохтмони ин ё он нерӯгоҳи барқи обӣ, ин ё он усули парвариши зироатҳо муқобилат нишон намедиҳем. Иттиҳоди Аврупо мамлакатҳои минтақаро танҳо ба муносибати масъулиятнок ва оқилона ба ин масъала даъват мекунад, ки ҳам манфиати мамлакатҳои поёноб ва ҳам болообро ҳимоя карда тавонад ва бо ин роҳ вазъи босуботи минтақа кафолат дода шавад. Дар ин масъала роҳи машварату мувофиқати панҷ мамлакати минтақаро чизе иваз карда наметавонад. Дар ин самт дар давоми моҳҳои охир баъзе пешравиҳо ба назар мерасад, ки Иттиҳоди Аврупо онҳоро мушаххасан дастгирӣ мекунад. Дар ҳалли ин масъала мусоидати СММ ва бонкҳҳои калонтарину бонуфузи рушд зарур мебошад. Дар ин масъала пешниҳод шуда буд, ки Иттиҳоди Аврупо таҳқиқоти воқеъбинона гузаронида, хизматҳои худро пешниҳод намояд. Ин аз бисёр ҷиҳат ба манфиати кор мебошад. Ҳаминаш мусаллам аст, ки мо ин масъаларо ба ҷои мамлакатҳои минтақа ҳал карда наметавонем. Мо танҳо тайёрем, ки ба ҳалли масъалаи истифодаи самарабахши захираҳои фаровони оби Осиёи Марказӣ мусоидат кунем. Дар ин бора аз раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Май 4, 2009 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокчиёни экспедитсияи «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» пойгоҳи кайҳонавардии Байконурро тамошо карданд
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд