РАИСИ НАВИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Душанбе, 18 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 май дар иҷлосияи 19-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Маҳкам Маҳмудов Раиси суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Собиқ раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Избулло Хоҷаев дар асоси аризаи ба истеъфо рафтанаш бозхонд гардид. Бояд тазаккур дод, ки Маҳкам Маҳмудов соли 1957 таваллуд ёфта, дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ аст. Вай қаблан дар вазифаи декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор карда, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, аъзои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. То интихоб гардиданаш ба вазифаи Раиси Суди конститутсионии ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният кор карда, вазифаи муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳуриро ба ӯҳда дошт. Бо интихоб гардиданаш ба ин вазифаи пуршараф ваколати Маҳкам Маҳмудов дар Маҷлиси миллӣ пеш аз мӯҳлат катъ карда шуд. Ба Избулло Хоҷаев ва Маҳкам Маҳмудов барои хизматҳои шоёнашон дар рушди парламентаризм раҳматномаи Маҷлиси миллӣ супорида шуд. Ҳамзамон дар иҷлосияи 19-уми Маҷлиси миллӣ Муҳаббат Бозорова судяи Суди констиутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, Броимшо Муқбилшоев аз вазифаи судяи суди конститутсионӣ бозхонд карда шуд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






