РОҲБАРИЯТИ КУМИТА АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРОНИ ВАТАНӢ МУНТАЗАМ ОГОҲ МЕГАРДАД

Май 30, 2009 11:52

                          Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти кумитаи мазкур, намояндагони мақомоти санҷиши давлатӣ, бизнес-ассотсиатсияҳо ва соҳибкорони ватанӣ иштирок намуданд.                          Сардори Раёсати дастгирии рушди соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мизи мудавварро кушода, зикр намуд, ки сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба дастгирии соҳибкории хурду миёна шароит фароҳам меорад, ки ин бахш рушди устувор дошта бошад. Дар баробари ин, бо ибтикори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 25 феврали соли ҷорӣ давоми ду сол, баҳри дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва ба ин васила вусъат додани истеҳсолоти дохилӣ, ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ моратория эълон шуд, ки имрӯз натиҷаи назарраси он мушоҳида мегардад. «Вале, ҳоло ҳам соҳибкорон баъзан ба мо нисбат ба беэътибории мақомоти дахлдор оид ба татбиқи ин қонун муроҷиат мекунанд ва мо тасмим гирифтем, ки ин масъаларо дар мизи мудаввари имрӯза якҷоя бо намояндагони мақомоти санҷиши давлатӣ ва соҳибкорон баррасӣ намоем», — идома дод Рустами Эмомалӣ.                         Инчунин, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Абдуғаффор Раҳмонов роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи сиёсати давлатии соҳибкории Тоҷикистон маълумот дода, қайд кард, ки Ҳукумати ҶТ нисбат ба дастгирии соҳибкорони ватанӣ мунтазам чораҳои мушаххас меандешад, ки қонун дар бораи моратория мисоли равшани он аст.                         Сипас, миёни иштирокдорони ҷамъомад масъалаҳои татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷараёни гузаронидани санҷишҳои давлатӣ, камбудиҳои соҳаи соҳибкорӣ ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.                         Ёдовар мешавем, ки дар мулоқоти гузаштаи роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ бо соҳибкорони ватанӣ ва бизнес-ассотсиатсияҳо аз ҷониби сардори Раёсати дастгирии соҳибкории кумитаи мазкур Рустами Эмомалӣ, ҷиҳати дастгирии мунтазами соҳибкорон аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешниҳод гардида буд, ки мулоқоти роҳбарияти кумита бо соҳибкорон моҳе ду маротиба доир гардад, ки ин бевосита ба рушди минбаъдаи соҳа мусоидат мекунад.

Май 30, 2009 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст