«РУСТАМ ВА СӮҲРОБ» ДАР МАСКАВ НАМОИШ ДОДА МЕШАВАД

Май 5, 2009 13:05

                       Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Аз сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки аз 26 май то 2 августи соли равон дар Маскав Ҷашнвораи 8 — уми байналхалқии театрҳои ба номи А.П. Чехов баргузор мегардад. Дар он ҳунарпешагони Театри драммавии русии ба номи В.Маяковский низ ширкат меварзанд. Онҳо ба меҳмонон ва сокинони пойтахти Русия асари саҳнавии «Рустам ва Сӯҳроб» — ро намоиш хоҳанд дод, ки аз рӯи достонҳои «Шоҳнома» — и Абулқосим Фирдавсӣ ба саҳна гузошта шудааст. Асари саҳнавии мазкур рӯзҳои 17, 18 ва 19 июн дар саҳнаи Маркази театрии ба номи В.Мейерхолд намоиш дода мешавад.

Май 5, 2009 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад