РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ-РО АЁДАТ КАРД

Май 8, 2009 17:22

                    Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз 26 апрел то 5 май «Ҳафтаи гиромидошт» бахшида ба 64 солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 эълон гаштааст. Дар доираи «Ҳафтаи гиромидошт» дар марказ ва шаҳру ноҳияҳо баргузории чорабиниҳо, аз қабили аёдати оилаҳои иштирокчиёни ҶБВ, қадрдонии иштирокчиёни ҶБВ ва барномаҳои фарҳангӣ сурат гирифт.                  7 май бо ташаббуси Иттифоқи ҷавонони тоҷикистон ва Кумитаи ҷавоннон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ дар доираи «Ҳафтаи гиромидошт» бо ҷалби сарпарастон 20 нафар собиқадорон дар арафаи Иди Ғалаба бо кӯмаки моддӣ, иборат аз маводи ғизоӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар ин ҷараён бо мақсади аёдати иштирокдорони ҶБВ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба манзили як гурӯҳ собиқадорон ташриф оварданд.

Май 8, 2009 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд