САФАРИ ПРЕЗИДЕНТИ ХОРВАТИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН АНҶОМ ЁФТ

Май 25, 2009 17:16

                         Хуҷанд, 25 май. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Субҳи имрӯз ҳайати давлатии Ҷумҳурии Хорватия таҳти роҳбарии Президенти мамлакат Степан Месич ҳамроҳи сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ба шаҳри Хуҷанд ташриф овард. Президенти Хорватияро дар ин сафар 15 нафар, аз ҷумла, сафири Хорватия дар Туркия Гордан Бакута, мушовири махсуси президент Гудемир Лончар, мушовири президент дар масъалаҳои сиёсати берунӣ Томислав Ятич ва ёвари мушовири президент дар масъалаҳои сиёсати берунӣ Анна Шимунҷа ҳамроҳӣ намуданд.                          Меҳмононро раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва шахсони дигари расмӣ пешвоз гирифтанд. Сафари президенти Хорватия ба вилояти Суғд хусусияти расмӣ дошт ва ҳадафи он муқаррар намудани роҳу усулҳои ҳамкории мутақобилан муфид мебошад.Ҳайати давлатии Хорватия Қасри «Арбоб» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Осорхонаи таърихӣ, масҷиди Шайхмуслиҳиддин ва бозори «Панҷшанбе» — ро дар маркази вилоят тамошо кард.                        Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки бо ҳамин сафари расмии Президенти Хорватия Степан Месич ба Тоҷикистон анҷом ёфт.  

Май 25, 2009 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд