САФАРИ ВАРЗИШГАРОНИ ЭРОНӢ БА ДУШАНБЕ

Май 12, 2009 18:11

                   Душанбе, 12 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шоми имрӯз гурӯҳи варзишгарони эронӣ таҳти роҳбарии раиси федератсияи байналмилалии варзишҳои бостонии ин кишвар Мӯҳсинӣ Меҳр Ализода ва дабири кулли Федератсияи байналмилалии варзишҳои бостонии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Амири Ҳусайнӣ ба Душанбе меоянд.                   Ҳадафи сафари варзишгарони эронӣ иштирок дар мусобиқоти байналмилалии варзиши бостонӣ (Зурхона) мебошад, ки аз 13 то 15 майи соли равон дар муҷтамаи варзишии «Зӯрхона»-и Душанбе ба номи Абулқосим Фирдавсӣ баргузор мегардад. Мусобиқаи мазкур ба Рӯзи ҷаҳонии ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ -муаллифи асари безаволи «Шоҳнома» гузаронида мешавад.                  Аз Сафорати Эрон дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳайати варзишгарон ҳамчунин яке аз шахсиятҳои шинохтаи ирфонии ин кишвар, суханрони барҷаста доктор Ҳусайни Муҳияддини Илоҳии Қумишайӣ шомил аст. Сафари варзишгарони Эрон ба Тоҷикистон бо даъвати раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ҷараён мегирад.

Май 12, 2009 18:11

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд