САРФАКОРӢ ВА ФОИДА АЗ РОҲУ НАҚБҲО ДАР ҶУМҲУРӢ

Май 22, 2009 09:56

                         Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба ақидаи иқтисодшинос Шарифҷон Қурбонов, сохтмони роҳу нақбҳо, ки дар шароити имрӯза аз нуқтаи назари илмӣ аҳамиятнок ва фоидаовар арзёбӣ шудаанд, ба ақидаи баъзеҳо манфиатнокии он ба сохтмони корхонаҳо ва таъмини мардум ба ҷои кор баробар шуда наметавонад, ки ин нуқтаи назар комилан хатост. Масалан сохтмони нақби «Истиқлол» , ки соли 1999- 2007 сохта ба истифода дода шудааст, роҳи ағбаро дар ин минтақа 32 км кӯтоҳ кард. Дар ин масофа агар дар як шабонарӯз 1,5 — 2 ҳазор автомобил ҳаракат намояд танҳо сарфаи бензини он дар як моҳ ба 180 тонна мерасад. Хурдашавии резини чархҳо се-чор маротиба камтар мегардад.                      Дар сурати пурра ба истифода додани нақбҳои Шар-шар, Шаҳристон ва Чормағзак сарфаи сӯзишворӣ дар як сол ба 100 ҳазор тонна мерасад.                     Дар давоми 10 сол роҳу нақбҳо нафақат хароҷотро мепӯшонанд, балки миллионҳо сомонӣ фоида меоранд.  

Май 22, 2009 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд