СЕМИНАР МАШВАРАТ ДАР ҚӮРҒОНТЕППА

Май 27, 2009 17:38

                       Қӯрғонтеппа, 27 май. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Семинар машварат оид ба проблемаи пешгирии ҷиноят миёни ноболиғон дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид. Дар кори семинар — машварат мутахассисони шӯъбаҳои кор бо ноболиғон, роҳбарони мақомоти маориф, тандурустӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва занон, прокуратураи вилояти Хатлон ширкат варзиданд.                      Дар назди ҳозирин инчунин муовини раиси вилояти Хатлон Ҳикоятмо Ҳакимова баромад намуда, оид ба роҳҳои пешгирии ҷиноят миёни наврасон дастурҳои мушаххас дод. Ҳамзамон Ҳ. Ҳакимова қайд кард, ки ин проблема доимо дар мадди назари роҳбарияти вилояти Хатлон қарор дошта, барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда чораҳо андешида мешаванд. Лекин ин кори танҳо як мақомот набуда, дар ҳамбастагӣ метавон ҳалли мушкилотро ёфт.                      Дар назди ҳозирин ҳамчунин намояндагони вазорати корҳои дохилии вилоят баромад намуда, оид ба пешгирии ҷиноятҳо ва ҳамкорӣ бо дигар сохторҳо пешниҳодҳо карданд.

Май 27, 2009 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд