ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МАОРИФИ ДАР МИНСК БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Маскав, 14 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова ). — 15 май дар шаҳри Минск дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҷлиси 22 — юми Шӯрои ҳамкории давлатҳои ИДМ дар соҳаи маориф кушода мешавад. Иштирокчиёни маҷлис пешниҳодҳоро дар бобати таҳлили заминаи ҳуқуқию қонунии ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, нақшаи ҳамкориро барои вусъат додани истифодаи технологияҳои дурмасофаи маърифатӣ, тайёр кардан ва бозомӯзии кормандони мактабҳои олӣ ва лоиҳаи Созишномаро дар бораи такмили маҳорати муаллимони мактабҳои мамлакатҳои Иттиҳод баррасӣ менамоянд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси мазкур вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ширкат меварзад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






