ШАҲОДАТНОМА БА ХАТМКУНАНДАГОНИ МАКТАБИ БАЙНАЛХАЛҚӢ
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-8-уми июни соли равон дар Маркази таълимии Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Маркази соҳибкории пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе маросими супоридани шаҳодатномаҳо ба хатмкунандагони он баргузор мегардад. Хатмкунандагон донишомӯзони калонсол буда, барномаи технологияи муҳосибиро дар асоси меъёрҳои ҷаҳонии ҳисоботи молиявӣ аз худ намудаанд. Инчунин, дар ин маросим ба донишомӯзоне, ки дараҷаи дуввум ва севуми забони англисиро барои коргузории расмӣ , тибқи барномаи Палатаи савдо ва саноати Лондон бомуваффақият омӯхтаанд, шаҳодатномаҳои Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ супорида мешавад. Донишгоҳи Осиёи Марказиро соли 2000 ҳукуматҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Волоҳазрат Оғохон таъсис дода буданд. Қарордоди байналмилалӣ ва Низомномаи таъсиси онро волоҳазрат Оғохон ва президентҳои Қазоқистон , Қирғизистон ва Тоҷикистон ба имзо расонда, дар парлумони ин кишварҳо ба тасвиб расонида ва дар Созмони Миллали Муттаҳид ба қайд гирифта шудааст. Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори донишгоҳ соли 2006 таъсис ёфтааст. Ин мактаб дар Осиёи Марказӣ ягона муассисаи пешниҳодкунандаи барномаҳои касбӣ мебошад, ки омӯзиши ихтисосро бидуни ҷудо шудан аз истеҳсолот пешниҳод мекунад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






