ШАҲРВАНДОНИ РУСИЯ БЕШТАР ҶИНОЯТ СОДИР МЕКУНАНД

Май 18, 2009 15:37

                      Маскав, 18 май. (АМИТ «Ховар» — АИ Регнум — Новости ). — Мақомоти манфиатдор ва воситаҳои ахбори оммавӣ ба аҳолии Русия мунтазам хабар медиҳанд, ки намояндагони мамлакатҳои хориҷӣ дар давоми сол то 50 ҳазор ҷиноят содир менамоянд, вале ин ҳамагӣ се — чор фоизи шумораи умумии ҷиноятҳои фошгардидаро ташкил медиҳад, гуфт директори Хадамоти федералии муҳоҷират Константин Ромодановский зимни суханрониаш дар маҷлиси Шӯрои Федератсия.                     Қайд карда шуд, ки дар давоми семоҳаи аввали соли равон теъдоди умумии содир шудани ҷиноят аз ҷониби хориҷиён 17 фоиз афзудааст. Ҳол он ки шаҳрвандони Русия дар ҳудуди ИДМ ва мамлакатҳои соҳили баҳри Балтика нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 фоиз бештар ҷиноят содир карданд. Нотиқ таъкид кард, ки дар маълумоти омор на миллати ҷинояткорон, балки шаҳрванди кадом мамлакат будани он нишон дода мешавад. Дар натиҷа қисми зиёди ҷиноятҳои содиршуда ба шаҳрвандони Русия нисбат дода мешавад.                      К.Ромодановский дар ҷавоби саволи вакилон зикр кард, ки дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар фаъолияти коргарони муҳоҷири Украина ва Қазоқистон проблемаҳо бисёртаранд. Зикр шуд, ки онҳо ба мӯҳлати 30 шабонарӯз ба Русия омада, ғайриқонунӣ кор мекунанд ва баъд ба ватанашон рафта, боз ба Русия бармегарданд.К.Ромодановский изҳор намуд, ки аз ҷиҳати содир намудани ҷиноят муҳоҷирони меҳнатии Гурҷистон ҷои аввалро ишғол менамоянд. Ҳар 15 — ҳумин гурҷии дар Русиябуда ҳатман ҷиноят содир мекунад, гуфт ӯ. Дар ин масъала ҷойҳои минбаъдаро коргарони муҳоҷири Тоҷикистону Қирғизистон ва Озарбойҷону Ӯзбекистон ишғол менамоянд.                     Қайд карда шуд, ки саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ дар истеҳсоли Маҳсулоти умумии дохилии Русия хеле калон аст. Онҳо тақрибан 8 фоизи маҳсулоти умумии дохилии мамлакати моро истеҳсол менамоянд. Овозаҳо, шиорҳо ва хабарҳо дар бораи он, ки муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони маҳаллиро аз кор маҳрум сохта ва ҷиноят содир менамоянд, сабаби авҷ гирифтани рӯҳияи нафрат ба намояндагони мамлакатҳои дигар мегардад. Дар чунин шароит мутахассисони беҳтарини хориҷӣ ба Русия намеоянд, гуфт К.Ромодановский.

Май 18, 2009 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад