ШИРКАТИ «БЕТС КОНСАЛТИНГ СЕРВИС ЛТД» 30 – СОЛА ШУД

Май 21, 2009 11:15

                        Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Ширкати «БЕТС консалтинг сервис ЛТД» — и Бангладеш соли 1979 ба фаъолият шурӯъ карда буд. Имсол 30 — солагии фаъолияти ширкат ва 10 — солагии ҳамкории он бо Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.                      Ширкати мазкур дар бисёр мамлакатҳо, аз ҷумла, мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, хусусан Тоҷикистон, Афғонистон ва ғайра чандин барномаҳоро амалӣ месозад. Айни ҳол дар он бештар аз 150 мутахассис ва коршинос кор мекунад. Онҳо дар иҷрои қариб 300 барнома дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон саҳм мегузоранд.                      Самтҳои асосии фаъолияти ширкат сохтмони шабакаҳои обрасонӣ, канализатсия, амалӣ сохтани барномкаҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи захираҳои об, рушди кишоварзӣ, нақлиёт, меъморӣ, ба нақшагирӣ ва сохтмони биноҳо ва ғайра мебошад.Ширкати «БЕТС консалтинг сервис ЛТД» айни ҳол дар барқарор сохтани системаи обрасонии шаҳри Душанбе саҳм мегузорад. Ширкат бо ин мақсад барномаи барқарор сохтани шабакаи обрасонии шаҳри Душанберо таҳия намудааст, ки дар давоми се сол иҷро карда мешавад. Барои иҷрои барнома тавассути Бонки рушди Осиё 9 миллиону 220 ҳазор доллари ИМА ҷудо карда шуд. Саҳми Тоҷикистон дар иҷрои барнома 1 миллиону 480 ҳазор доллари ИМА — ро ташкил медиҳад. То имрӯз қариб 70 фоизи маблағи ҷудошуда сарф карда шудааст.                      Тибқи барнома, дар шаҳри Душанбе ва атрофи он силсилаи ҳавзҳои об, бунгоҳи барқии интиқоли оби «Кофарниҳон — 1 « ва «Кофарниҳон — 2» ва ҳавзи калони оби минтақаи ҷанубу ғарбӣ сохта мешаванд. Инчунин, бунгоҳҳои мавҷудаи интиқоли об барқарор намуда, чоҳҳои нави об канда, каналҳои мавҷуда тармим карда, трубопроводҳои нави магистралӣ сохта мешаванд.

Май 21, 2009 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд