СИТОДИ АМАЛИЁТИ «КӮКНОР- 2009»

Май 22, 2009 14:07

                      Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). -22 май дар Агентии назорати маводи нашаъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Ситоди амалиёти «Кӯкнор- 2009» бо иштироки намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи нашаъовар, Хадамоти гумрук, вазоратҳои адлия, тандурустӣ шуда гузашт.                       Дар он масъалаҳои ташкилии супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди аз 15 май то 30 ноябр дар қаламрави гузаронидани ҷумҳурӣ амалиёти «Кӯкнор- 2009», иҷро намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои ситоди амалиёти «Кӯкнор- 2009» ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои иштироккунанда дар рафти ин амалиёт мавриди баррасӣ қарор гирифт.                         Инчунин, қайд карда шуд, ки дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ гурӯҳҳои якҷояи зудамали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ таъсис дода шудааст, ки дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ва мутахассисон, бо мақсади ошкор намудан ва несту нобуд кардани кишти ғайриқонунии растаниҳои нашаъдор ва худрӯй дар ҳамаи хоҷагиҳо, ошкору пешгирии интиқоли ғайриқонунии моддаҳои нашаъовар фаъолият мебаранд.  

Май 22, 2009 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид