СУҒД: ПРЕЗИДЕНТИ ХОРВАТИЯ СТЕПАН МЕСИЧ ВА ҲАЙАТИ БА СУҒД ТАШРИФ ОВАРД

Май 25, 2009 14:12

                        Хуҷанд, 25 май. (АМИТ "Ховар", Санавбар Мақсудова). Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич дар чорчӯбаи сафари нахустини расмиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд омад. Дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд Степан Месич ва ҳайати ҳамроҳонашро Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд. Сафари меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳонаш ба хотири ошноии ҳарчӣ бештар бо шаҳри куҳанбунёди Хуҷанд ва имконоти яке аз калонтарин минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст.                       Зимни сафар Президени Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла қасри «Арбоб»-и ноҳияиБобоҷон Ғафуров, осорхонаи таърихии вилоят, маҷмааи масҷиди Шайх Маслҳаддин ва бозори «Панҷшанбе»-и маркази вилоят боздид менамояд. Худи ҳамин рӯз Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба муносибати ташрифи меҳмони олиқадр зиёфати расмӣ меорояд. Дар назар аст, ки Раиси вилоят ва Президенти Хорватия дар ҷараёни сӯҳбат асосан масъалаҳои робитаҳои судманди дутарафаро баррасӣ намоянд.                       Президент Степан Месичро дар ин сафар ҳайати расмӣ иборат аз 15 нафар ҳамроҳӣ доранд. Ба ҳайати гурӯҳи меҳмонон, аз ҷумла, сафири Хорватия дар Туркия ҷаноби Гордан Бакота, мушовири махсуси Президенти Ҷумҳурии Хорватия ҷаноби Будимир Лончар, мушовири Президенти Хорватия оид ба сиёсати хориҷӣ ҷаноби Томислав Якич, сардори Раёсати ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамгироии аврупоӣ хонум Андреа Явор ва дигар шахсони расмӣ шомиланд.                      Баъди асри ҳамин рӯз меҳмонон аз фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд ба пойтахти Хорватия- шаҳри Загреб парвоз хоҳанд кард.                        Дар ин бора ба мухбири АМИТ "Ховар" дар маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд.   

Май 25, 2009 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд