СУҒД: САТРИ АВРАТ ҶИНОЯТИ КОЧОҚГАРРО ПӮШИДА НАТАВОНИСТ

Май 25, 2009 14:19

                        Хуҷанд, 25 май. (АМИТ "Ховар", Санавбар Мақсудова). Ҳафтаи гузашта (санаи 21 майи соли 2009 тақрибан соати 06:35-и субҳ) ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар чорчӯбаи амалиёти "Кӯкнор-2009"дар шоҳроҳи "Хуҷанд- Душанбе" аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар вилояти Суғд дар ҳудуди ағбаи Шаҳристон автомашинаи тамғаи Ҷип (Джипп) "Муссо" боздошта шуда, ба ҳудуди бинои Раёсат дастрас карда шуд. Ин автомашина ба истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан Рӯзибоев Парвиз, ки бо кашонидани мусофирони дурдаст машғул мебошад, тааллуқ дошт.                       Дар вақти аз назаргузаронии автомашинаи мазкур байни нонҳои дар багоҷ буда, борхалтаи селофании рангаш кабуд, ки дар дохилаш халтачаи маводи сафедчамонанди бӯи махсус дошта ҷойгир буд, дарёфт ва мусодира карда шуд.                         Маълум гашт, ки ин мавод ба мусофирзани автомашинаи мазкур М. тааллуқ дошта, аз рӯи маълумоти лабораторияи судӣ-ташхисии Раёсати АНМН вилояти Суғд маводи сахттаъсири героин буда, вазни он 2 килограмму 60 грамм будааст.                          Қочоқгар — тоҷикзани 26-сола М., борҳо бо ҷурми авбошӣ ва пинҳон доштани ҷиноёти вазнин маҳкумшуда буда, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд ва соҳиби як фарзанд будааст. Ин зани нашъаҷаллоб бо сатри аврат ҷинояткории хешро пинҳон намуда, аз интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир соҳиби маблағҳои калон шудан мехост. Бинобар ин аввал аз ҷануби кишвар ба шимоли он, ва минбаъд ба дигар давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ маводи мухадирро бо роҳи қочоқ бурданӣ буд. Аммо амалиёти самараноки кормандони оперативии Раёсати Агентӣ ҳадафҳои ғаразноки ин зани ҷинояткорро шикаст дод.                           Амалиёти "Кӯкнор-2009" дар қаламрави вилоят 10 маи соли равон оғоз ёфта, то 30 ноябри ҳамин сол давом хоҳад кард. Дар он ҳамчунин кормандони дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳифзи муҳити зист, тандурустӣ ва ғайра иштирок доранд.   

Май 25, 2009 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Варзоб оид ба истифодаи самараноки неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Қариб 90 ҳазор ронандагон маблағи истифодаи роҳи Душанбе-Чанокро ғайринақдӣ пардохт менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо сарбозони Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Хонандагони ноҳияи Ҳамадонӣ барои гирифтани Стипендияи Раиси вилояти Хатлон омодагӣ мебинанд
Сарнишин аз Тоҷикистон дар фестивали байналмилалии парапланронӣ бо парчами давлатӣ парвоз анҷом дод
Дар қисматҳои баландкӯҳи ноҳияи Рашт кишти картошка идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Наваскарони қисми низомӣ дар ноҳияи Лахш савганди садоқат ба Ватан ёд намуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид