ТАҶЛИЛИ 50 — СОЛАГИИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН

Май 27, 2009 16:05

                          Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — 3 октябри соли равон 50 — солагии таъсиси телевизиони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдуманнонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки барои омодагӣ ба ҷашн гурӯҳи махсуси корӣ ташкил дода шуд. Ҳамаи тадбирҳои идона дар давоми як рӯз гузаронида мешаванд, гуфт А.Абдуманнонов. Нимаи аввали рӯзи 3 октябр дар мавзӯи «Нақши воситаҳои ахбори оммавии электронӣ дар ҷараёни демократӣ сохтани ҷомеа» нишасти байналмилалии матбуотӣ гузаронида мешавад. Дар он ҳамаи студияҳои телевизионии мамлакатҳои ИДМ ширкат меварзанд. Нишасти матбуотии мазкур ба барномаи Кумитаи иҷроияи ИДМ дохил карда шуд. Ҳамон рӯз баъди чошт бахшида ба 50 — солагии таъсиси телевизиони Тоҷикистон консерти идона ва мулоқотҳои эҷодӣ гузаронида мешаванд. Ба ин муносибат нашри маълумотнома дар бораи таърихи телевизион пешбинӣ карда мешавад, гуфт А.Абдуманнонов.

Май 27, 2009 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд