ТАҶЛИЛИ 90–СОЛАГИИ ИСТИҚРОРИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ РУСИЯ ВА АФҒОНИСТОН
Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 14 май дар шаҳри Маскав ба муносибати 90 — солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии Русия ва Афғонистон мулоқоти намояндагони ҳар ду мамлакат баргузор гардид. Дар мулоқот ҳайати калони Афғонистон иштирок намуд, ки таҳти роҳбарии ноиби президенти ин мамлакат Карим Халилӣ ба Маскав омадааст. Ба ҳайати Афғонистон вазирон, аъзои парлумон, ходимони ҷамъиятӣ, кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ ва тоҷирону соҳибкорон шомиланд. Дар мулоқот, инчунин, афғонҳое ширкат варзиданд, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо шумораи онҳо қариб ба 100 ҳазор нафар мерасад. Муовини сарвазири Ҳукумати Русия Игор Сечин дар бораи ҳамкории ҳар ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодиёт сухан ронда, гуфт, ки бо маблағи Русия дар Афғонистон 142 корхона сохта шудааст ва онҳо тақрибан 60 фоизи тамоми иқтисодиёти Афғонистонро ташкил медиҳанд. Дар ҳузури ҷамъомадагон директори Хадамоти федералии назорати маводи нашъадори Русия Виктор Иванов низ сухан кард. Иштирокчиёни мулоқот изҳор намуданд, ки проблемаи истеҳсоли маводи нашъадорро дар Афғонистон танҳо бо роҳи тараққӣ додани ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ва ташаккули ҷомеаи мамлакат ҳал кардан мумкин аст.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






