ТАҶЛИЛИ 90–СОЛАГИИ ИСТИҚРОРИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ РУСИЯ ВА АФҒОНИСТОН

Май 29, 2009 18:12

                           Маскав, 29 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Ба истиқрори муносибатҳои дипломатии Федератсияи Русия ва Давлати Исломии Афғонистон 90 сол пур шуд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва вазири корҳои хориҷии Афғонистон Р.Спанта ба ин муносибат ба унвони ҳамдигар номаҳои шодбош фиристоданд.                              С.Лавров дар номаи худ изҳор менамояд, ки Русия аввалин шуда, истиқлолияти давлатии Афғонистонро эътироф намуд ва дар давоми чандин даҳсолаҳо ба халқи афғон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳарбию техникӣ кӯмаки калон расонд. Мо ният дорем, ки муносибатҳо ва ҳамкории дуҷонибаро дар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум идома дода, ба барқарор намудани вазъияти мӯътадили Афғонистон ва иқтисодиёти он мусоидат намоем.                            Дар нома зикр карда мешавад, ки вазифаи ҳар ду давлат тақвияти мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароӣ, хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор мебошад. Мамлакатҳои ҷаҳон имрӯз бояд ба зарурати муттаҳид сохтани ҷидду ҷаҳдашон барои барқарор сохтани Афғонистон ва ба давлати мустақиму соҳибихтиёр ва демократӣ табдил додани он бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.                              Вазири корҳои хориҷии Афғонистон изҳори умед менамояд, ки муносибатҳои ҳар ду кишвар боз ҳам бештар ривоҷ дода хоҳанд шуд.

Май 29, 2009 18:12

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд