ТАҶЛИЛИ ИДИ КАСБИИ МАРЗБОНОНИ ТОҶИК
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 28 май марзбонони Тоҷикистон иди касбии худро таҷлил менамоянд. Имсол ба таъсиси Артиши марзбони Тоҷикистон 15 сол пур шуд. Ҷузъу томҳои нахустини Артиши марзбони Тоҷикистони соҳибихтиёр дар давоми солҳои душвори ҷанги дохилӣ ташкил карда шуданд. Моҳи ноябри соли 1992 бо қарори иҷлосияи 16 — уми Шӯрои Олӣ дар назди Кумитаи амнияти миллӣ бригадаи махсуси марзбон ташкил карда шуд. Баъди даҳ рӯз қарори Раёсати Шӯрои Олӣ дар бораи таъсиси Раёсати ҳифзи сарҳад дар назди Кумитаи мазкур қабул гардид. Аз моҳи декабри соли 1992 сар карда, дар баробари Гурӯҳи марзбони Ордени Байрақи Сурхдори Русия дар Тоҷикистон фаъолияти ҷузъу томҳои марзбони тоҷик оғоз ёфт. Қабл аз ин сарҳади давлатии Тоҷикистонро марзбонони Русия ҳимоя мекарданд. Марзбонони тоҷик он солҳо дар хати дуюми мудофиа қарор доштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба туфайли ҳамкории ҳамаҷониба бо Хадамоти марзбони Федератсияи Русия аз соли 1994 сар карда, ба ташкили посгоҳҳо, дастаҳо ва комендатураи сарҳадӣ шурӯъ кард. Соли 1994 дар Тоҷикистон Артиши марзбон ташкил карда шуд, аз ҳамон сол сар карда, 28 май ҳамчун иди касбии марзбонон таҷлил карда мешавад.Марзбонони тоҷик солҳои душвори ҷанги дохилӣ сарҳади давлатиро ҳамроҳи марзбонони Русия ҳимоя мекарданд. Онҳо қаламрави мамлакатро аз қочоқи аслиҳа, маводи нашъадор ва амалиёти террористию ифротгароёна ва аслгароии исломӣ ҳимоя менамуданд. Мудофиаи якҷояи сарҳади давлатӣ тӯли солҳои 90 — уми асри гузашта, ҳамроҳи марзбонони Русия ва ҷузъу томҳои Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ҳамкории самарабахш дар мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ, хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, интиқоли аслиҳа ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ мебошад. Баъд дар натиҷаи ба охир расидани ҷанги дохилӣ ва мӯътадил гардидани вазъи сиёсии минтақа созишномаи байнидавлатии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар масъалаи муҳофизати сарҳад ба имзо расид. Марзбонони Русия аз моҳи сентябри соли 1998 сар карда, то фасли тобистони соли 2005 тамоми қитъаҳои сарҳади давлатии мамлакатро ба ихтиёри марзбонони тоҷик гузоштанд. Имрӯз фаъолияти хизматии марзбонони тоҷик дар шароити ғайримуқаррарӣ ва муташанниҷ давом дорад. Вазъи мураккаби ҳарбию сиёсии Афғонистони ҳамсоя, фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори байналмилалӣ, қочоқи рӯзафзуни маводи нашъадор ва зуҳуроти номатлуби дигар ба фаъолияти ҷузъу томҳои марзбони Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонанд. Бояд гуфт, ки қочоқчиёни маводи нашъадор роҳҳои интиқоли онро тадриҷан иваз мекунанд. Имрӯз то 80 фоизи маводи нашъадори Афғонистон ба воситаи самтҳои Шӯрообод, Маскав ва Панҷ аввал ба Тоҷикистон ва баъд ба мамлакатҳои дигар интиқол дода мешаванд. Марзбонони тоҷик имрӯз дар сафи пеши мубориза ба муқобили қочоқчиёни маводи нашъадор аз Афғонистон қарор доранд. Онҳо дар мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуби замони ҳозира бо сохторҳои дигари низомию қудратии мамлакат самарабахш ҳамкорӣ мекунанд. Ин омили муҳими таъминкунандаи вазъияти босуботи мамлакат ва минтақа мебошад. Марзбонони тоҷик дар давоми 15 сол ҳазорон нафар сарҳадшиканон ва вайронкунандагони тартиботи минтақаи сарҳадро дастгир намуда, зиёда аз 800 мил аслиҳаи оташфишон ва бештар аз 10 тонна маводи нашъадорро мусодира намудаанд.