ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Шоми 22 май дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд тантанаҳои идонаи умумивилоятии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил гардид, ки дар он раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ кард. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки сарвари вилоят зимни муборакбодии ҷавонони Суғд изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда таваҷҷӯҳи хос дошта, барои пешрафти фаъолият ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо аз имконоти мавҷуда ба хубӣ истифода мекунад. «Бовар дорам, ки шумо ҷавонон бо зиракии сиёсӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, дониши комил ва андешаҳои солиму созанда минбаъд низ барои рушду нумӯи вилоят ва пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бештар хоҳед гузошт», — тазаккур дод Қоҳир Расулзода. Мавриди ёдоварист, ки бо қарори раиси вилояти Суғд аз 13 то 23 май дар миқёси вилоят «Даҳаи ҷавонӣ» баргузор гардида, шоми 22 май он ҷамъбаст карда шуд. Дар доираи таҷлили ин сана чорабиниҳои мухталиф, аз ҷумла дави миллӣ, фестивал-озмуни «Садои ҷавонӣ», «Ҳафтаи худидоракунии ҷавонон» ва ғайраҳо баргузор шуда, ба беҳтарин донишҷӯён ва аспирантон идрорпулии раиси вилоят супорида шуд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






