ТАРБИЯИ ҲАРБӢ — ВАТАНДӮСТӢ

Май 6, 2009 16:19

                   Суғд, 6 май. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов).- Бо ибтикори идораи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд баҳри тарбияи ватанпарастии ҷавонон озмуни «Сарбози оянда» ва фестивали сурудҳои ватанпарастона доир гардид.                    Дар озмуни ҳарбӣ-варзишии «Сарбози оянда» намояндагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Чкалов, Қайроққум ва Бобоҷон Ғафуров аз рӯи 7 шарт: дар муддати кӯтоҳтарин пӯшидани либоси низомӣ ва муҳофизатӣ, иҷрои эстафетаи мудофиаи шаҳрвандӣ, гузаштан аз монеаҳо, иҷрои суруди мутантани низомӣ ширкат варзида, аз худ донишу маҳорати баланд нишон доданд.                  Дар фестивал- озмуни сурудҳои ватанпарастона сарбозони комендатураи ҳарбии гарнизони Суғд, қисмҳои низомии гвардияи миллӣ, Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо оҳангу таронаҳои ҳидоятгарӣ, дӯст доштану ҳифз кардани обу хоки Ватан баромад карданд.

Май 6, 2009 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд