ТАШРИФИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). 26 май Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Даниел Ахметов бори аввал, бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре аз маркази матбуоти вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни сафари дурӯза дар назар аст, ки роҳбарияти низомии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири мудофиаи ҷумҳурӣ ва дигар мақомоти расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард. Дар вохӯрӣ доираи васеи масоили ҳамкориҳои ҳарбӣ, омодасозии кадрҳои низомӣ ва дар ин замина таҳким бахшидани табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар мубориза бар зидди хатарҳои эҳтимолӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Ҳамзамон дар доираи ин сафари расмӣ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Даниел Ахметов аз Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан ба амал хоҳад овард ва бо ҳайати устодону афсарон ва донишҷӯён сӯҳбат намуда, бо шароитҳои маишию таълимии ин муассиса аз наздик шинос хоҳад шуд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






