ТАВАҶҶӮҲИ ХОСИ ВАО-И АРАБИСТОНИ САУДӢ БА ТОҶИКИСТОН

Май 25, 2009 15:09

                        Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Дирӯз, 24 май иҷлосияи 36-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Конфронси исломӣ дар Димишқ кори худро идома дод. Дар ҷаласа ҳайъатҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳими ҷаҳони ислом таболули назар карданд.                         Ба иштирокдорон маҷаллаи ҳармоҳаи мисрии «Ал-Азҳар» ба забони арабӣ, ки дар он мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Имоми Аъзам ва ҳуввияти миллии тоҷикон", хабари иттилоотӣ оид ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам дар Тоҷикистон ва матни суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ин иҷлосия, ки 23 май сурат гирифта буд, пешниҳод гардид.                     Иштироки фаъолонаи ҳайъати Тоҷикистон дар кори иҷлосия мавриди таваҷҷӯҳи воситаҳои ахбори оммаи Сурия қарор гирифт. Аз ҷумла, телевизиони давлатии Сурия бо роҳбари ҳайъат — вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ мусоҳибае доир намуд, ки дар он иқдомоти солҳои охири Сарвари Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳамкории муфид бо Созмони Конфронси исломӣ ва кишварҳои узви он муфассал баён карда шуд.                      Аз департаменти иттилооти ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки кори иҷлосияи Шўрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Конфронси исломӣ дар Димишқ идома дорад.

Май 25, 2009 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид