ТАЗКИРАИ АФКОРИ МАРДУМИ ТОҶИК АЗ ЧОП БАРОМАД
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тазкираи афкори педагогии мардуми тоҷик дар ҷамъияти шакли кушодаи «Матбуот» бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад. Тазкира маҳсули дастаҷамъонаи олимони шинохтаи тоҷик Маҳмадулло Лутфуллоев, Хайрулло Афзалов, Сафар Сулаймонӣ, Юрий Мальцев буда, таҳти назари академик Абдуҷаббор Раҳмонов бо теъдоди 1000 нусха аз чоп баромад. Дар китоб ёддоштҳои педагогии афкори мардуми тоҷик аз даврони қадим то пирӯзии инқилоби Октябр гирд оварда шудааст. Дар он хусусиятҳои хоси педагогика, андеша ва афкори пешқадами донишмандони барҷастаи таърих ва адабиёти тоҷик, ки дар таълиму тарбия ва маърифатнокии ҷомеа нақши муассир мегузоранд, гирд оварда шудааст. Инчунин, дар китоб роҳҳои асосии рушди афкори миллати тоҷик инъикос гардидааст. Китоб барои доираи васеи хонандагон ва мутахассисону кормандони бахши маориф ва фарҳанг тавсия карда мешавад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






