ТЕХНОЛОГИЯИ ЛАЗЕРПИЗИШКИИ ЭРОН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА МЕШАВАД

Май 27, 2009 17:21

                       Душанбе, 27 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаҳои дар доираи тафоҳумҳои олии дар сатҳи Роҳбарони Тоҷикистону Эрон ҳосил гардида, ки ба рушди муносибатҳои гуногунҷабҳаи кишварҳо мусоидат менамоянд, дар маркази мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст қарор дошт.                            Мусоҳибон масъалаи таҳкими робитаҳоро ҷиҳати табодули таҷрибаи технологияи лазерпизишкии Эрон ва бо ҷалби мутахассисон ва сармояи эронӣ ифтитоҳ намудани ташхисгоҳҳои муосири гуногуншакли моликият барои табобати бемориҳои табобаташон душвор дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.                       Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо новобаста аз шиддатёбии бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба натиҷа расиданд, ки потенсиали ҳар ду кишвар дар самти тақвияти ҳамкориҳо самарабахш истифода хоҳад гашт.                       Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шавкат Саидов иттилоъ дод.

Май 27, 2009 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд