ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН ҲАМКОРИИ ПАРЛУМОНИРО ТАВСИА МЕДИҲАНД
Душанбе, 25 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ созмон дода мешавад. Ин масъала 25 май дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат Сайдулло Хайруллоев доир шуд, баррасӣ гардид. Дар ҷаласа ҳамчунин, лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи яроқ», «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ», «Дар бораи фарҳанг» ва лоиҳаи Низомнома «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуданд. Раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Мирзошариф Исломиддинов, Абдуманнон Холиқов, Гулчеҳра Бозорова, Сафаралӣ Раҷабов ва Абдураҳмон Азимов масъалаҳоро тавзеҳ дода, зикр карданд, ки лоиҳаи қонунҳои зикршуда, дар роҳи ба танзим даровардани фаъолият дар самти суғуртаи мутақобила, таҳкими кор ва андешидани тадбирҳои мушаххас дар бахши фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, рушди фарҳанг ва тақвияти ҳамкории дӯстонаю судманд бо парлумони кишвари ҳамҷавор Афғонистон мусоидат менамоянд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






