ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН БА АРАБИСТОНИ САУДӢ РАФТ

Май 19, 2009 16:35

                       Душанбе, 19 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 17 май барои боздиди расмӣ ба Арабистони Саудӣ рафт.                        Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки мулоқотҳои расмии Ҳамрохон Зарифӣ дар ин ҷо 19 май оғоз ёфтанд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни сафар бо шоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз Ассауд, вазири корҳои хориҷӣ Амир Сауд Файсал, муовини раиси Шӯрои вазирон Амир Ноиф ибни Абдулазиз Ассауд, вазири молия ва раиси Бунёди рушди Арабистони Саудӣ Иброҳим Абдулазиз Алассоф, раиси Бунёди хайрияи «Алвалид ибни Талол» — и Алволид ибни Талол ва шахсони дигари расмии ин мамлакат мулоқот хоҳад кард. Дар ҷараёни ин мулоқотҳо масъалаҳои вазъияти имрӯза ва нақшаҳои ояндаи муносибатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ муҳокима карда мешаванд.                     Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни сафар, инчунин, бо Муншии умумии Созмони Конфронси Исломӣ, профессор Икмолиддин Эҳсонӯғлӣ мулоқот анҷом медиҳад.                     Хабар дода мешавад, ки Ҳамрохон Зарифӣ дирӯз дар шаҳри Дубайи Аморатҳои Муттаҳидаи Араб бо роҳбарияти Бунёди рушди Абӯ — Забӣ мулоқот кард.

Май 19, 2009 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд