ВОХӮРӢ БО ИШТИРОКЧИИ ҶБВ

Май 22, 2009 15:30

                      Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрўз, 22 май, бахшида ба Рўзи ҷавонон дар Осорхонаи таърихии кишваршиносии шаҳри Ваҳдат вохўрӣ бо иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дорандаи ордени «Шараф», «Ситораи сурх» ва дигар унвонҳо Юнус Юсупов баргузор гардид.                        Дар вохўрӣ хонандагони мактабҳои ҳамагонӣ, коллеҷи тиббӣ ва гимназияи шаҳри Ваҳдат иштирок намуданд.                         Бояд қайд кард, ки Юнус Юсупов шаҳрванди фахрии шаҳри Черновции Ҷумҳурии Украина буда, 25 марти соли 1944 барои озод намудани шаҳри номбурда ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ пешниҳод шудаааст.                         Иштирокчиён бештар вобаста ба корнамоиҳои бобои Юнус таваҷҷўҳ зоҳир карда, аз ў суолҳои бисёр карданд.                          Юнус Юсупов ҷавононро ба ватандўстиву ватанпарварӣ ва саҳм гузоштан дар ободии кишвар даъват намуд.                          Директори осорхона Аваз Юсупов иброз дошт, ки бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан аз гузаштаи шахсиятҳои бузурги ин минтақаи ҷумҳурӣ минбаъд низ дар осорхона чунин вохўриҳо гузаронида мешаванд.                             Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Май 22, 2009 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд