ЁДБУДИ УСТОД

Май 22, 2009 13:52

                         Хуҷанд. 22 май.(АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- Дар толори маҷлисгоҳи Донишгохи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров 80-солагии ёдбуди шодравон собиқ декани факултети таърих, профессор Абдумаҷид Қодиров баргузор гардид.                           Ректори ДДХ академик Салимов Носирҷон Юсупович сухани ифтитоҳӣ намуда, хизматҳои шоёни арбоби илму маърифат, профессор Абдумаҷид Қодировро ёдовар шуд. Баъд шогирдони устод файласуф Мавлон Исмоилов, муаррих Саидҷон Марофиев, фарзанди устод А.Қодиров бо ибрози хотираҳо рӯҳи устодро шод намуданд.                            Дар охир китоби хотираҳои олимон, ҳамкорон, шогирдон, хешону пайвандон бо номи «Маҳзани маърифат» ки бо ташаббуси ҳайати олимони донишгоҳ чоп шуда буд, ба ҳозирин ҳадя карда шуд.  

Май 22, 2009 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд